Ҷойгоҳи ҳафдаҳуми Узбакистон аз лиҳози захоири тило дар ҷаҳон
(last modified Fri, 12 Jun 2020 16:10:01 GMT )
Июн 12, 2020 21:10 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи ҳафдаҳуми Узбакистон аз лиҳози захоири тило дар ҷаҳон

Узбакистон аз лиҳози захоири тило дар ҷойгоҳи ҳафдаҳуми ҷаҳон қарор гирифт.

Ба гузориши “Форс”, бар асоси гузориши Шӯрои ҷаҳонии тило (World gold council), Узбакистон аз лиҳоз захоири тило ва арз бо пешӣ гирифтан аз Арабистони Саудӣ дар ҷойгоҳи ҳафдаҳум дар ҷаҳон қарор гирифтааст.

Бар асоси ин гузориш, аз аввали моҳи июни соли 2020-и мелодӣ Узбакистон бо 336 тон захоири тило дар ҷаҳон дар мақоми ҳафдаҳум қарор гирифтааст, ки ин миқдор 59.1 дарсад захоири арзии ин кишварро ташкил медиҳад.

Пас аз Узбакистон бо 323 тон тило Арабистон қарор дорад.

Бар асоси ин гузориш, Амрико бо 8 ҳазору 133 тон тило дар ҷойгоҳи аввал, Олмон бо 3 ҳазору 363 тон дар мақоми дувум ва Сандуқи Байналмилалии Пул бо 2 ҳазору 814 тон дар радаи севум қарор гирифтанд.

Узбакистон дар соли 2015  мелодӣ ба арзиши 823 миллиону 900 ҳазор доллар, дар соли 2016  мелодӣ 738 миллиону 200 ҳазор доллар, дар соли 2017 мелодӣ ба арзиши як миллиарду 600 миллион доллар ва дар соли 2018 мелодӣ ба арзиши беш аз 2 миллиарду 910 миллион доллар, дар соли 2019 мелодӣ ба арзиши 4 миллиарду 900 миллион доллар тило содир кардааст.

Узбакистон дар 3 моҳаи аввали соли гузаштаи мелодӣ бузургтарин фурӯшандаи тило дар ҷаҳон шудааст.

Корхонаҷоти оҳани Навоӣ ва Алмалик тавлидкунандагони тило дар Узбакистон мебошанд.