Кӯмакҳои башардӯстонаи рӯзноманигорони қазоқистонӣ
Июн 13, 2020 13:30 Asia/Dushanbe
Рӯзноманигорони қазоқистонӣ ба 55 нафар аз кормандони раоснаҳои хабарии Тоҷикистон бастаҳои ғизоӣ ва беҳдоштӣ кӯмак карданд.
Ба нақл аз сомонаи Спутник, густариши коронавирус сабаб шуд, ба далели иҷрои карантин бисёре аз расонаҳо дао Тоҷикистон таътил, ниматаътил ва теъдоди зиёде аз коркунони он бекор шаванд.
Ҳамин амр боиси бурӯзи мушкилоти иқтисодии фаровоне барои рӯзноманигорон ва фаъолони бахшҳои хабарӣ ва расонаии ин кишвар шуд.
Ба ҳамин далел, гурӯҳе аз кормандони расонаҳои Қазоқистон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, пӯйиши кӯмак ба ҳамтоёни тоҷикро роҳандозӣ карданд, ки афроде аз Русия, Узбакистон ва Украина аз ин пӯйиш ҳимоят карданд.