Кӯмакҳои башардӯстонаи рӯзноманигорони қазоқистонӣ
(last modified 2020-06-13T08:30:21+00:00 )
Июн 13, 2020 13:30 Asia/Dushanbe
  • Кӯмакҳои башардӯстонаи рӯзноманигорони қазоқистонӣ

Рӯзноманигорони қазоқистонӣ ба 55 нафар аз кормандони раоснаҳои хабарии Тоҷикистон бастаҳои ғизоӣ ва беҳдоштӣ кӯмак карданд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, густариши коронавирус сабаб шуд, ба далели иҷрои карантин бисёре аз расонаҳо дао Тоҷикистон таътил, ниматаътил ва теъдоди зиёде аз коркунони он бекор шаванд.

Ҳамин амр боиси бурӯзи мушкилоти иқтисодии фаровоне барои рӯзноманигорон ва фаъолони бахшҳои хабарӣ ва расонаии ин кишвар шуд.

Ба ҳамин далел, гурӯҳе  аз кормандони расонаҳои Қазоқистон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, пӯйиши кӯмак ба ҳамтоёни тоҷикро роҳандозӣ карданд, ки афроде аз Русия, Узбакистон ва Украина аз ин пӯйиш ҳимоят карданд.