Июн 15, 2020 09:54 Asia/Dushanbe
  • Мубтало шудани вазири  беҳдошти  Қазоқистон ба корона

Вазири беҳдошти Қазоқистон аз мубтало шудани худ ба вируси корона хабар дод.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои  Хуросон  ба нақл аз хабаргузории Форс, Елжан Биртанов- вазири беҳдошти Қазоқистон рӯзи якшанбе бо интишори  матлабе  дар саҳифаи Фейсбуки худ эълом кард, натиҷаи озмоиши коронаи вай мусбат буда ва дар яке аз бемористонҳои  шаҳри  Нурсултон бистарӣ шудааст.

Вазири беҳдошти  Қазоқистон  аз  ҳамватанонаш  хост  то карантини шахсӣ ва дигар иқдомоти  беҳдоштиро риоят кунанд ва дар сурати эҳсоси нишонаҳои  аввалияи  беморӣ, билофосила  ба назди пизишк бираванд.

Биртанов рӯзи шанбе ба ин нукта ишора карда буд, ки мавҷи ҷадиди корона дар Қазоқистон шурӯъ хоҳад шуд ва ба ин далел ба риояти фосилаи иҷтимоӣ  дар тирамоҳ ва зимистони имсол ва тамоми соли оянда  (2021) ниёз хоҳад буд.  

Дар Қазоқистон  то кунун  18 ҳазору  898 мавриди олудагӣ ба вируси корона сабт шудааст.

 

Барчасп