Октябр 05, 2016 19:13 Asia/Dushanbe
  • Размоиши зиддитеррористии кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъӣ дар Қирғизистон

Неруҳои вокуниши сареи Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон размоиши ҳавоӣ ва заминии зиддитеррористии худро дар Қирғизистон оғоз карданд.

Ба гузориши ИРНА, пойгоҳи хабарии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ эълом кард: Дар ин размоиш, ки дар чорчуби Созмони паймони амнияти ҷамъӣ баргузор мешавад, ҳазор низомӣ аз кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Тоҷикистон, Арманистон, Белорус ва Узбакистон дигар аъзои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ низ нозирони худро ба ин размоиш фиристодаанд.

Дар ин размоиши серӯза бо унвони «Рубеж 2016», аз 200 ҷангафзори сангин ва 20 болгарди ҳамроҳи анвои таҷҳизоти низомӣ ва иртиботӣ барои анҷоми амалиёти тамринии зиддитеррористӣ истифода мешавад.

Минтақаи Осиёи Марказӣ ба далели наздикӣ бо Афғонистон ва тарҳи ДИИШ барои тавсиаи нуфузи худ дар ин минтақа дар маърази таҳдидҳои террористӣ қарор дорад ва кишварҳои шарик дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ рӯйкардҳои муштаракеро зидди терроризм иҷро мекунанд.