Хурӯҷи нахуствазири Қазоқистон аз карантин
Июн 20, 2020 05:54 Asia/Dushanbe
Нахуствазири Қазоқистон аз карантин хориҷ шуд.
Ба нақл аз Форс, нахуствазири Қазоқистон баъд аз итмоми замони пешбинишуда барои карантин ва манфӣ будани тести такрорӣ барои ташхиси коронавирус, аз карантин хориҷ шуд.
Илова бар ин, Асхат Аймагамубитов, вазири омӯзиш ва улум, Сапархан Умаров, вазири кишоварзӣ ва Мағзум Мирзоголиев, вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии Қазоқистон низ баъд аз тай кардани ин марҳила ва тести манфӣ ба кори маъмулии худ баргаштанд.