Июл 13, 2020 17:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳимоят аз сармоягузорӣ байни Ӯзбекистон ва Туркия

Қарордоди ҳимоят ва ташвиқ аз сармоягузории байни Ӯзбекистон ва Туркия иҷроӣ шуд.

Бо гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, ин қарордод 25 октябри соли 2017 мелодӣ дар сафари Шавкат Мирзиёев, Раиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Туркия имзо шуда буд.

Ин қарордод пояи ҳуқуқии ҳимоят аз сармоягузорони Ӯзбекистон ва Туркияро мушаххас, ҷазби сармоягузорӣ ва фановариро тасҳил ва ирсоли озоди ҳаволаҳои пулиро мумкин мекунад.

Туркия истиқлоли Ӯзбекистонро 16 декабри соли 1991 мелодӣ ба расмият шинохт ва дар 4 марти соли 1992 мелоӣ равобити дипломатӣ миёни ду кишвар барқарор шуд.