Банд мондани садҳо ронанда дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон
Шуйюи корона садҳо мошини боркашро дар гузаргоҳи марзии Ойбек мутаваққиф кардааст.
Ба гузориши Садои Хуросон ва ба нақл аз Фарғона, ин таваққуф ба ин далел аст, ки ронандагон бояд чанд рӯз мунтазири эъломи натиҷаҳои озмоиши корона бошанд.
Ҳар ронанда рӯзона ҳудуди 100 ҳазор сум (ҳудуди 10 доллар)-ро барои таҳияи ғизо ҳазина мекунад ва касоне, ки як ҳафта ё бештар дар инҷо бошанд пас аз иҷозатномаи равуо дигар пуле барои ҳазинаҳои худ надоранд илова бар ин, ба далели ин ки дар ин гузаргоҳи марзӣ ҳеҷ ҷое барои мондани мошинҳои боркаш вуҷуд надорад ронандагон маҷбур ҳастанд дар мошинҳои боркаши худ истироҳат кунанд, ки ба далели гармои зиёд ғайри қобили таҳаммул аст.
Ронандагон мегӯянд, се рӯз ҳеҷ хабаре аз пизишкон набуд, фақат дирӯз натиҷаи озмоиши 30 ронандае, ки 5 рӯз қабл аз онҳо озмоиш гирифта шуда буд эълом шуд, ки тести коронаи бархе ронандагон мусбат буд.
Онҳо мегӯянд, мо аз ниқобак истифода ва фосилаи худро бо якдигар ҳифз мекунем, аммо бо чунин серодамӣ ҳама дар хатари гирифторӣ ба корона ҳастем.