Октябр 06, 2016 19:03 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон мизбони размоиши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ

Размоиши тактикӣ ва чаҳоррӯзаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД ) аз рӯзи чаҳоршанбе (5-уми октябр) дар Қирғизистон оғоз шуд.

Маросими оғози расмии тамриноти тактикии бахши нерӯҳои зудамали муштараки СПАД дар соҳили "Иссик-Кӯл", ба номи "Минтақаи аломатгузоришудаи 2016" бо ҳузури Кубоничбек Орозматов, дабири Ситоди аслии нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон оғоз шуд.

Размоиши ёдшуда бо мушорикати нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД дар давраҳои омӯзишиву тамринотӣ ва бо ҳадафи ҳамоҳангӣ ва сатҳи омодагии ниҳодҳои мухталиф ва нерӯҳои низомӣ барои анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин размоиш беш аз ҳазор нерӯи низомӣ ба ҳамроҳи садҳо навъ аз таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ ва ҳамчунин беш аз 20 навъ ҳавопаймо мавриди озмоиш қарор мегирад.

Размоиши ҷорӣ дар Қирғизистон агарчӣ дар чаҳорчӯби созукори минтақаии СПАД дар ҳоли баргузорӣ аст, аммо нерӯҳои низомии қирғиз барои аввалин бор нест, ки бо ҳадафи тақвияти мизони ҳамкории низомии муштарак ва ҳифзи амодагии худ барои муқобила бо зуҳуроти зиёди ноамнӣ дар размоишҳои муштараки ду ва чандгона ширкат мекунанд.

Баргузории размоиши муштараки моҳи апрел миёни нерӯҳои қирғизу тоҷик ва ё баргузории размоишҳои муштарак ва давраии нерӯҳои ин ҷумҳурӣ бо ҳузури нерӯҳои рус дар канори мушорикати низомиёни қирғиз дар размоишҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳамин росто қобили таҳлилу арзёбӣ аст.

Дар ин миён аммо он чӣ тавваҷуҳи нозиронро ба худ ҷалб кардааст, таҳаррукоти низомӣ ва амниятии мақомоти рус дар ҷуғрофиёи Осиёи Мраказӣ аст. Дидори ахири дабирони Шӯрои амнияти миллии Русияву Тоҷикистон бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои амниятии ду кишвар ва низ ҳузури низомиёни рус дар размоиши ҷорӣ дар Қирғизистон, дар канори тарғиби дигар аъзои СПАД ба мушорикати фаъол дар ин қабил размоишҳо, баёнгари рӯйкарди Маскав ба зарурати эҳёи ҳамкориҳои низомиву амниятии ду ва чандҷониба бо кишварҳои узви ин паймон ва низ ҳамкории дуҷонибаи низомӣ бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аст.

Ҳамаи ин таҳаррукоти низомӣ агарчӣ аз пеш барномарезишуда аст, аммо пас аз дидори рӯзи гузаштаи Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо вузарои хориҷаи ҷумҳуриҳои Осиёи Мраказӣ маъно пайдо мекунад.

Ба вижа, ки дар ин нишаст низ масоили марбут ба амнияти минтақа, мудирияти марзҳо  ва вазъияти Афғонистон аз муҳитарин меҳварҳои гуфтугӯии дипломатҳои аршади кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дипломати барҷастаи аврупоӣ будааст. Хоса он ки иҷрои стратегияи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ, дар канори масоиле назири маориф, иқтисод, сармоягузорӣ ва ҳифозат аз муҳити зист дар дастури ин гуфтугӯҳо қарор доштааст.

Рӯйкард ва нигарише ҳамаҷониба аз сӯйи Иттиҳодияи Аврупо барои нуфузи ҳар чӣ бештар ва муассиртар дар Осиёи Марказӣ, ки бо роҳбурд ва вокуниши сирфан амниятии Русия дар минтақа посух дода шудааст.

Зоҳиран барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мавзӯи амният ва боло гирифтани нигаронҳое аз ин қабил пешниёзи тақвияти ҳамкориҳо дар дигар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ дар кишварҳои минтақа аст ва Русия бо агоҳӣ аз ин мавзӯъ ва низ амалӣ нашудани ваъдаҳои давлатҳои ғарбӣ ва аз ҷумла ҷомеаи аврупоӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, размоишҳои муштаракро барои хунсо кардани таҳаррукоти ҳамаҷонибаи давлатҳои ғарбӣ дар минтақа, дар дастури кори худ қарор додааст.

 Ба размоиши ҷорӣ ва давраии СПАД дар минтақа ва низ таҳаррукоти ахири мақомҳои амниятии рус аз ҳамин зовия бояд нагирист.