Июл 18, 2020 21:53 Asia/Dushanbe
  • Таъсири вируси корона бар музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Раиси Кумитаи давлатии нақшабардорӣ ва заминсозии Тоҷикистон эълом кард, ки вируси корона музокироти марзии ин кишвар ва Қирғизистонро ба таъхир андохтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Ориф Хоҷазода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки то шуйюи вируси корона дар охирҳои марти гузашта, ду кишвар панҷ давр музокироти марзӣ баргузор карданд ва нақшаи муовизаи бархе аз минтақаҳои мавриди ихтилоф ба ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ироа шуд.

Аммо ба гуфтаи Хоҷазода, тайи чаҳор моҳи ахир амалан раванди музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ниҳоӣ кардани созишномаи нишонагузории марзи муштарак ба далели густариши вируси корона мутаваққиф шудааст.

Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳали ихтилофоти марзӣ, 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст.

Ташдиди ихтилофот дар минтақаҳои марзии муштараки ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд муҷиб шудааст, ки ахиран тарафҳо дар бораи муовизаи замин ва вогузории мутақобили чанд русто ба тавофуқ бирасанд.

Бо ин ҳол Парвиз Муллоҷонов- коршиноси тоҷик муътақид аст, ки далели аслии ба тавофуқ нарасидани Тоҷикистон ва Қирғизистон омода набудани тарафҳо барои гузашт дар раванди нишонагузории минтақаҳои мавриди ихтилофи ду кишвар ва пофишории Душанбе ва Бишкек бар мавзеҳои қаблии хеш аст, ки натиҷае ҷуз  бунбасти музокирот надоштааст.

 

 

Барчасп