Июл 25, 2020 13:29 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубтало ба коронавирус дар Қирғизистон ва Узбакистон

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон аз 30 000 нафар гузашт.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон эълом кард, 31 000 нафар дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шуданд. Теъдоди беҳбудёфтагон ба 18 000 нафар ва ҷонбохтагон 1 211 нафар расидааст.

Вазорати беҳдошти Узбакистон ҳам аз афзоиши теъдоди мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 18 986 нафар хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир 8 734 нафар бемор бистарӣ ҳастанд, дар ҳоле ки ҳоли 148 нафар аз онҳо вахим аст.