Июл 27, 2020 13:13 Asia/Dushanbe
  • Барқи Тоҷикистон нарасид Кобул хомуш шуд

Идораи миллии Барқи Афғонистон эълом кард: Ба далели камбуди об дар Тоҷикистон 310 мегават барқ аз 350 мегават барқи содиротии он кишвар ба Афғонистон қатъ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Идораи Барқи Афғонистон (ширкати Буршно) имрӯз душанбе бо интишори иттилоияе эълом кардааст, ки бо кишвари Узбакистон вориди гуфтугӯ шуда то коҳиши содироти барқи Тоҷикистонро аз Узбакистон ҷуброн кунад.

Акнун барқи Кобули пойтахт ва чанд шаҳри дигар қатъ шуда ва мардуми пойтахт дар авҷи гармои тобистон дар набуди барқ бо гармои шадид рӯбарӯ ҳастанд.

Ин вазъият зиндагии оддии мардумро мухтал кардааст.

Ширкати Буршно афзудааст, ки то замони тавофуқ бо кишвари Узбакистон ва васли барқ, танҳо бемористонҳо ва идороти давлатӣ ба сурати навбатӣ аз манобеи дохилӣ истифода хоҳанд кард.

Вилоятҳои Кобул, Нангарҳор, Луғмон, Лугар, Пактё, Хӯст, Парвон, Панҷшер, Кописо, Бағлон ва қисмате аз вилояти Қундуз аз барқи воридотии Тоҷикистон истифода мекарданд, ки бо қатъи он, барқи ин вилоятҳо низ қатъ шудааст.

 

Барчасп