Истиқболи раиси ҷумҳури Афғонистон аз эъломи оташбаси Толибон
Раиси ҷумҳури Афғонистон аз эъломи оташбаси серӯзаи гуруҳи Толибон ба муносибати иди Қурбон истиқбол кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Сиддиқи Сиддиқӣ- сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи сешанбе дар паёме дар вокуниш ба эъломи оташбаси серӯзаи Толибон ба муносибати иди саиди Қурбон эълом кард Ашрф Ғанӣ ба ҳамаи низомиёни ин кишвар дастур додааст оташбаси серӯзаро риоят кунанд ва то замоне, ки аз тарафи Толибон оташбас поймолсозӣ нашуд, ҳеҷгуна амалиёте анҷом надиҳанд.
Сиддиқӣ афзудааст: Эъломи оташбаси серӯза, як гоми муҳим аст, аммо мардуми Афғонистон хоҳони оташбаси доимӣ ва оғози музокироти мустақими сулҳ байни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон аст.
Гуруҳи Толибон асри рӯзи сешанбе ба муносибати иди саиди Қурбон, оташбаси серӯза дар саросари Афғонистон эълом карда ва аз аъзои худ хостааст, ки ҳеҷ ҳамлае ба неруҳои давлати Афғонистон накунанд.
Аз сӯи дигар Муҳаммад Ашраф Ғанӣ- раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи сешанбе дар дувумин рӯзи нишасти намояндагон беш аз 40 кишвар ва созмони байналмиллалӣ ба номи «СОМ» эълом кард пас аз имзои тавофуқномаи Амрико ва Толибон 3 ҳазору 560 неруи амниятии афғон кушта ва 6 ҳазору 781 тани дигар захмӣ шуданд.
Вай ҳамчунин таъкид кард: Раванди озодии зиндониёни Толибон ба зудӣ такмил мешавад ва пас аз он гуфтугӯҳои мустақим миёни намояндагони давлати Афғонистон ва гуруҳи Толибон оғоз хоҳад шуд.
Нишасти СОМ асри рӯзи душанбе барои баррасии наҳваи ҳазинаи кумакҳои байналмиллалӣ, мубориза бо вируси корона ва мавзӯи сулҳ дар Афғонистон оғоз шуд ва шомгоҳи сешанбе ба поён расид.