Июл 30, 2020 13:15 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Қирғизистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ҷон бохтани теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Қирғизистон бар асари коронаро ба раиси ҷумҳур ва миллати ин кишвар таслият гуфт.

Ба нақл аз "Ховар", раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ зимни ҳамдардии самимона бо мардуми Қирғизистон барои онҳо орзуи беҳбудӣ кард.

Раҳмон дар ин иттилоия гуфт; Тоҷикистон бо нигаронӣ раванди густариши корона дар Қирғизистонро зери назар дорад.

Ӯ дар идомаи иттилоияи худ иброз кард, миллати Қирғизистон бар душвориҳои муртабит бо бемориии корона ғалаба хоҳанд кард, ва иқдомоти давлат барои маҳори он ва одисозии авзо қатан ба натиҷаҳои матлуб мунтаҳӣ мешавад. Раисҷумҳури Тоҷикистон хотирнишон кард, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон суннатҳои ҳамсоягӣ, таомули созанда ва кумакҳои мутақобилро, ки реша дар таърих доранд беш аз гузашта тавсеа хоҳанд дод. 

Ӯ таъкид кард: "Бо истифода аз ин фурсат ман мехоҳам ба шумо итминон диҳам, ки тарафи қирғиз ҳамеша метавонад ба тамоми кумакҳо ва пешниҳодҳои мункини Тоҷикистон муттакӣ бошад".

Имрӯз  азои миллӣ дар Қирғизистон барои қурбониёни бемории корона аст. Парчамҳои ин кишвар дар сохтмонҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарӣ дар дохил ва хориҷ аз кишвар нимафрошта аст. То кунун ҳудуди 1300 нафар бар асари корона дар Қирғизистон вафот карданд.

Барчасп