Август 01, 2020 14:58 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобит меҳвари гуфтугӯи раисони ҷумҳури Туркманистон ва Афғонистон

Раисони ҷумҳури Туркманистон ва Афғонистон дар гуфтугӯе телефонӣ дар бораи густариши ҳамкориҳои ду тараф ва роҳҳои муқобила бо шуйюи вируси корона ройзанӣ ва машварат карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, дар ин гуфтугӯи телефонӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов- раиси ҷумҳури Туркманистон ва Ашраф Ғанӣ- раиси ҷумҳури Афғонистон ба густариши равобити дӯстона ва ваҳдат дар ҷаҳони ислом ва пружаҳои муштарак дар заминаи энержӣ, ҳамлу нақл ва пружаи  сохти лӯлаи интиқоли гази Туркманистон- Афғонистон- Покистон- Ҳинд ( ТОПИ) ва хати интернетии Туркманистон- Афғонистон- Покистон гуфтугӯ карданд.

Ашраф Ғанӣ дар идомаи ин гуфтугӯ бо ишора ба асли ҳамсоягии Туркманистон бо Афғонистон ба нақши муҳими Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар пешрафти равобити байни ду кишвар таъкид кард.

Ҳамчунин  дар идомаи ин гузориш ба видеоконфронси се ҷониба, ки байни раиси ҷумҳури Туркманистон бо раисони Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Афғонистон дар робита ба нақши корбурдии тарҳи «Роҳи Лоҷавард» куридури транзитӣ, ки тавассути ин се кишвар ва низ Гурҷистон ва Туркия дар ҳоли иҷро аст, ҳам ишора шуд.