Август 04, 2020 10:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубталоён ба корона дар Узбакистон ва Қазоқистон

Вазорати тандурустии Узбакистон эълом кард: Теъдоди мубталоён ба корона дар ин кишвар ба 25 ҳазору 828 нафар расид.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, бар асоси гузориши Вазорати тандурустии Узбакистон то кунун дар ин кишвар 16 ҳазору 507 нафар аз корона беҳбуд ёфтанд ва 161 нафар низ фавт карданд.

Ҳамчунин бино бар эъломи Вазорати тандурустии Қазоқистон 8 ҳазору 518 нафар аз пизишкон ва кадри пизишкии ин кишвар мубтало ба корона шуданд.

Ажар Гиният- муовини вазири тандурустии Қазоқистон гуфт: Пизишкон ва коркунони муроқибатҳои беҳдоштӣ, ки мубтало ба вируси корона шудаанд, аз ҳаққи дарёфти кумаки молӣ ба мизони 2 миллион танга (баробар бо 4700 доллар) бархурдор ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 92 ҳазору 662 нафар мубтало ба корона шуданд ва 1058 нафар низ бар асари ин вирус фавт карданд.