Ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳаво ва фазо
Қазоқистон хостори ҳамкории бештар дар ҳавзаи ҳаво ва фазо бо Тоҷикистон аст.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Авеста, ин матлабро Аскар Тоҷибоев, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон баён кард.
Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон, ки ба вилояти Бадахшон сафар кард, зимни мулоқот бо Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ пешниҳод кард то мавзуи ҳамкории ду кишвар дар саноати ҳаво ва фазо ҳам дар дастури кор қарор гирад.
Бар асоси ин пешниҳод қарор аст бо истифода аз сомонаҳои фазоии Қазоқистон аз дастовардҳои ин саноат дар кишоварзӣ ва иртибототи Тоҷикистон низ истифода шавад.
Ҳамчунин дар дидори Тоҷибоев ва Файзов дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ байни Қазоқистон ва Бадахшони Тоҷикистон тавофуқ шуд.
Табодули таҷриба дар саноати маъдан, имкони эҷоди сармоягузориҳои муштарак дар бахшҳои барқу энержӣ, таҷҳизоти пизишкӣ, равобити фарҳангӣ , эъзоми донишҷӯ ва тавсеаи гардишгарӣ аз дигар мавзуъоти матраҳшуда дар ин мулоқот буд.
Қазоқистон танҳо кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки аз имконоти пешрафтаи фазоӣ бархурдор аст.