Август 12, 2020 16:38 Asia/Dushanbe
  • Оғози интихоботи маҷлиси сано дар Қазоқистон

Интихоботи маҷлиси санои Қазоқистон бо ҳузури чиҳилушаш номзад барои тасоҳуби 17 курсӣ дар ин кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ин интихобот ба иллати поён ёфтани давраи намояндагии 17 намоянда дар октябри имсол, дар саросари ин кишвар баргузор мешавад.

Муддати давраи намояндагии маҷлиси сано дар Қазоқистон шаш сол аст.

Пеш аз ин раисҷумҳури Қазоқистон дар ҳукме Дариға Назарбоева, духтари аршади Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури собиқро аз раёсати маҷлиси сано барканор ва 12 августро таърихи баргузории интихобот эълом кард.

Маҷлиси санои Қазоқистон муташаккил аз 49 намоянда аст, ки 15 нафар аз онҳоро раиси ҷумҳурӣ таъйин мекунад ва 34 нафари дигар бо интихобот баргузида мешаванд.

 

Барчасп