Август 16, 2020 11:09 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкорӣ; меҳвари гуфтугӯии вазерони хориҷаи Узбакистон ва Гурҷистон

Вазерони умури хориҷаи Узбакистон ва Гурҷистон дар гуфтугӯи телефонӣ дар мавриди ҳамкориҳои ду тараф дар заминаи иқтисодӣ ройзанӣ карданд.

 Ба гузориши радио бурунмарзии Садои Хуросон, Абдулазиз Комилов ва Девид Залкалианӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ  бар аҳамияти густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ ва сармоягузорӣ дар ҳамлу нақл ва иртибототи ду кишвар таъкид карданд. 
 
 Бар асоси ин гузориш, мақомоти Узбакистон ва Гурҷистон ҳамчунин чигунагӣ ва абъоди аввлавиятдор дар чорчуби сохторҳои байналмилалӣ ва густариши равобит дар заминаи гардишгариро баррасӣ карданд. 
 
 Гурҷистон истиқлоли ин кишварро дар таърихи 10 октябр, декабри соли 1991 мелодӣ ба расмият шинохта ва дар таърихи 19 августи соли 1994 мелодӣ равобити сиёсии худро бо Узбакистон барқарор кардааст.