Август 17, 2020 16:35 Asia/Dushanbe
  • Лағви парвозҳои байналмилалии Узбакистон

Ширкати ҳавопаймоии Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон Эйрвиз» эълом дошт, ки парвозҳои байналмилалӣ ва баъзе парвозҳои дохилӣ аз имрӯз (душанбе) бинобар чораҳои марбут ба вируси корона то охири моҳи август қатъ карда мешаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, намояндагони ширкати ҳавопаймоии "Ӯзбекистон Эйрвиз" эълом карданд, муштариён маблағи билетҳои фурӯхташударо метавонанд баъд аз аввали сентябр пас бигиранд ва ё дубора билет резерв кунанд.

Парвозҳои ихтисосӣ барои бозгашти шаҳрвандон аз кишварҳои хориҷӣ ба Узбакистон тибқи барнома аз қабл эълом шуда,  анҷом хоҳад шуд.