Август 19, 2020 13:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон бар азсаргирии музокироти марзӣ бо Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон даъват кард, ки гуфтушунидҳои марзӣ бо Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар оғоз карда шаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи иттилорасонии раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон, Сооронбай Жеенбеков дар Бишкек дар дидор бо Акрам Муҳаммад Умаров муовини нахуствазир ва сарпарасти ҳайати музокиракунандаи Қирғизистон бо Тоҷикистон бар зарурати оғози ҳарчӣ сариътари гуфтугӯҳои дуҷониба бо Тоҷикистон барои аломатгузории марзҳои муштараки ин ду кишвари ҳамсоя таъкид кард. 
 
Жеенбеков афзуд: дар шароити густариши вируси корона равобити тиҷории Қирғизистон ва Тоҷикистон коҳиш ёфта ва бар сатҳи зиндагии сокинони манотиқи муштараки марзи ду кишвар таъсири манфӣ гузоштааст. 
 
Раисҷумҳури Қирғизистон ҳамчунин идомаи буҳрони Ковид-19 мӯҷиби таъхир дар музокироти марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон шудааст. 
 
Ба гуфтаи муовини нахуствазир ва сарпарасти ҳайати музокиракунандаи Қирғизистон бо Тоҷикистон, ба зудӣ гуфтугӯҳои дуҷониба бо Душанбе барои аломатгузории марзи муштараки ду кишвар оғоз мешавад. 
 
Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Барчасп