Август 23, 2020 17:49 Asia/Dushanbe
  • Давлати Афғонистон барои муҳоҷирони афғон дар Эрон шиноснома содир мекунад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон эълом кард, як ҳайъат аз ин кишвар барои судури шиносномаи электронӣ ва гузарнома барои муҳоҷирони афғон дар Эрон сафар кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Гарон Ҳивод рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Кобул афзуд: Ин ҳайат раванди шиносоии муҳоҷирони афғон дар Эронро аз чаҳор марказ оғоз ва байни онҳо шиносномаи  электронӣ ва гузарнома тавзеъ мекунад.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар ин ҳафта кор дар чаҳор марказ дар Эрон шомили ду марказ дар Теҳрон як марказ дар Зоҳидон ва як марказ дар Машҳад оғоз мешавад.

Бар асоси омор, беш аз 2 миллиону 400 ҳазор муҳоҷири афғон, ки дар Эрон зиндагӣ мекунанд мадракҳои ҳувиятӣ аз ҷумла шиноснома ва гузарнома надоранд.

Қарор аст шиносномаи электронӣ барои муҳоҷирони сокини Эрон, Покистон ва Ҳинд содир шавад.

Ҳарчанд давлати Афғонистон дар урдибиҳиштмоҳи 1397 хуршедӣ раванди тавзеъи шиносномаро пас аз тасвиби қонуни сабти аҳвол дар Маҷлиси намояндагон оғоз кард, аммо ин раванд дар бисёре аз шаҳрҳои Афғонистон ба кундӣ пеш меравад.

Бо гузашти ҳудуди се сол аз оғози тавзеъи шиноснома дар ин кишвар, то кунун давлат танҳо 800 ҳазор шиноснома ба шаҳрвандонаш додааст.

Афғонистон аз ҷумлаи маъдуд кишварҳои ҷаҳон аст, ки бо гузашти бештар аз як қарн аз оғози тавзеъи аввалин шиноснома дар ин кишвар ҳануз тамоми шаҳрвандонаш шиноснома надоранд.

 

Барчасп