Август 25, 2020 10:53 Asia/Dushanbe
  • Баррасии мушкилоти марзӣ дар гуфтугӯи телефонии мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон

Муовини нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар тамоси телефонӣ мавзӯи нишонагузории марзи муштаараки ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар гуфтугӯи телефонии Азим Иброҳим ва Акрам Муҳаммадумаров, ки раисони ҳайати музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ҳастанд, бар зарурати баргузории ҳарчи сареътари нишасти дуҷониба барои нишонагузории минтақаҳои мавриди ихтилофи ду кишвар таъкид шуд.

Онон пойбандии ду тараф бар созишномаҳои қаблӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари наҳваи таъвизи бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар ва ниҳоӣ кардани қарордоди нишонагузории марз дар вилоятҳои Суғд ва Боткандро шарти муҳими идомаи музокирот дар ояндаи наздик унвон карданд.

Дар паи ду даҳсола музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли музокироти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст.

Ихтилофоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқе ҷомеъ дар ин замина аст.

Бар асоси марзбандиҳои даврони шуравӣ бархе аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври мушаххас нишонагузорӣ нашудааст.

Теъдоде аз рустоҳои ду кишвар дар хоки кишвари дигар воқеъ шуда ва акнун ба маншаи ихтилофи мақомоти тоҷик ва қирғиз табдил шудааст.

 

Барчасп