Ваксинаи коронаии қазоқистонӣ натиҷа дод
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i57453-Ваксинаи_коронаии_қазоқистонӣ_натиҷа_дод
Баррасиҳо нишон медиҳад,ки тазриқи ваксинаи қазоқистонии зидди корона дар дарёфткунандагони ин ваксина, имении тулонимуддатро нисбат ба вируси корона эҷод кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 14, 2020 14:07 Asia/Dushanbe
  • Ваксинаи коронаии қазоқистонӣ натиҷа дод

Баррасиҳо нишон медиҳад,ки тазриқи ваксинаи қазоқистонии зидди корона дар дарёфткунандагони ин ваксина, имении тулонимуддатро нисбат ба вируси корона эҷод кардааст.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, гуруҳе аз донишмандони қазоқистонӣ пас аз тазриқи ваксинаи коронаии  тавлидшуда дар муассисаи таҳқиқотӣ-илмии ин кишвар аз саломатии хубе бархурдор ҳастанд.

Нахустин ваксинаи зидди корона дар Қазоқистон ҳудуди 42 рӯз пеш дар маркази байналмилалии ваксинасияи донишгоҳи миллии кишоварзии ин кишвар тазриқ шуд.

Сервиси матбуотии Вазорати омӯзиш ва улуми Қазоқистон гуфт: дар донишмандони қазоқистонӣ, ки ваксинаи миллии Ковид-19-ро озмоиш кардаанд, имении бо давоме дар баробари вируси корона шакл гирифт.

Пеш аз ин, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ваксинаи ғайрифаоли қазоқистониро алайҳи Ковид-19 дар феҳристи васинаҳои таъйид шуда барои озмоишҳои болинӣ қарор дода буд.