Сентябр 18, 2020 16:14 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳ:Музокироти сулҳ бо Толибон душвор аст

Раиси шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон музокироти сулҳи байниафғонӣ бо Толибонро душвор хонд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории ОВО, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи ҷумъа таъкид кард,ки музокироти Давҳаи Қатар содда нахоҳад буд ва давлати Афғонистон бо мавзӯъҳои бисёре рӯбарӯ хоҳад шуд, ки гирифтани тасмим дар бораи онҳо сахт аст.

 Раиси шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар идома итминон дод, ки ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳуқуқи занон ва ҳуқуқи башар дар ин музокирот ҳифз ва озодиҳо ва адолати онҳо таъмин хоҳад шуд.

 Дар ҳамин ҳол мавлавӣ Абдулҳаким-раиси ҳайати музокиракунандаи сулҳи Толибон дар Давҳа гуфт: Қарор аст имрӯз (ҷумъа) бори дигар ду ҳайати музокиракунанда бо ҳам бевосита дидор кунанд.

 Музокироти сулҳи байниафғонӣ бо ҳузури ҳайате аз давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон ва намояндагоне аз чанд кишвари ҷаҳон, аз рӯзи шанбе (12 сентябр) дар Давҳаи Қатар оғоз шудааст.

 Низоми сиёсӣ, барқарории оташбас, ҳуқуқи ақаллиятҳо, озодии баён ва расонаҳо, ҳуқуқи занон ва дигар дастовардҳои ду даҳаи ахир дар Афғонистон, аз мавзӯъоти аслӣ дар музокироти Давҳа аст.

 

Барчасп