Шуюи зукоми парандагон дар Қазоқистон
Вазорати кишоварзии Қазоқистон аз шуюи зуком(Influenza)-и парандагон дар манотиқи мухталифи устони Қазоқистони шимолии ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, вазорати кишоварзии Қазоқистон аз шуюи зукоми парандагон дар 7 минтақаи устони Қазоқистони Шимолӣ хабар дод.
Бар асоси ин гузориш, дар 7 минтақаи устони Қазоқистон Шимолӣ аз 9 то 16 сентябр марги анвои мухталифи парандагони хонагӣ сабт шуда, ки бар асоси таҳқиқоти Маркази миллии ташхис, иллати марги ин парандагон зукоми шадид будааст.
Қазоқистон мутобиқ бо қавонини тасвиб шуда дар мавриди шуюи ин навъи беморӣ ба Созмони ҷаҳонии беҳдошти ҳайвонот хабар додааст.
Тибқи гузориши вазорати кишоварзии Қазоқистон, Кумитаи контрол ва назорат бар домпзишкии ин кишвар ба сурати муваққат содироти мурғи зинда ва тухми мурғ, пари мурғ, гӯшти мурғ ва анвои маҳсулоти омода шуда аз парандагон, маводи ғизоии парандагон ва ҳамчунин таҷҳизоти нигаҳдорӣ ва зибҳи ононро дар манотиқи олуда, мамнуъ кардааст.
Қазоқистон ҳамчунин ба далели зукоми парандагон маҳдудиятҳои марзӣ бо Русия эъмол кардааст, аммо ба гуфтаи коршиносон ва донишмандон, ин беморӣ натанҳо аз тариқи содироти колоҳои муртабит, балки аз тариқи парандагони муҳоҷири ваҳшӣ низ метавонад густариш ёбад.