Сентябр 19, 2020 12:26 Asia/Dushanbe
  • Бозгушои марзҳои Узбакистон аз аввали октябр

Давлати Узбакистон аз аввали октябр маҳдудиятҳои вуруд ва хурӯҷ ба ин кишварро дар бахшҳои ҳавоӣ, рейлӣ(роҳи оҳан) ва заминӣ бо риояти муқаррароти карантин ва беҳдоштӣ лағв мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси тасмими Комиссияи вижаи мубориза бо куруно дар Узбакистон, маҳдудият барои тараддуди шаҳрвандон ва васоили нақлия аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ коҳиш меёбад.

Бар ин асос афроде, ки аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон ба ин кишвар ворид шаванд пас аз тести куруно барои карантини 14 рӯза ба меҳмонхонаҳо эъзом хоҳанд шуд.

Парвозҳо низ ба дараҷаҳои «қирмиз», «зард» ва «сабз» тақсимбандӣ шудааст ва афроди ворид шуда бо парвоз аз тариқи кишварҳои «сабз» шомили Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Венгрия, Финляндия, Латвия, Утриш ва Япония метавонанд бидуни маҳдудият вориди Узбакистон шаванд.

Афрод муқими кишварҳои «зард» монанди Озарбойҷон, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ғайр аз Англия ва Испания ва низ манотиқи қирмиз, ки соири кишварҳои ҷаҳонро дар бар мегирад фақат дар сурати надоштани бемории куруно метавонанд вориди Узбакистон шаванд.