Эълони муқаррароти ҷадиди сафар ба Қазоқистон
Ҳукумати Қазоқистон муқаррароти ҷадиди вуруди атбои хориҷӣ ба қаламрави худро тасвиб кард, ки Тоҷикистон низ шомили ин қавонин мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , дар ин муқаррарот, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши Ковид - 19 тасвиб шудааст хориҷии мутақозии вуруд ба Қазоқистон ба се даста тақсим шудаанд .
Бар асоси муқаррароти ҷадид атбои бархе кишварҳо ҳамчун Тоҷикистон бояд қабл аз вуруд ба Қазоқистон гувоҳиномаи саломатии мабнӣ бар озмоиши манфии коронаро ба ҳамроҳ дошта бошанду дар ибтидои вуруди афзун бар пур кардани пурсишномаи мушаххасоти фардӣ , таб санҷӣ шаванд .
Ҳамчунин атбои гурӯҳе аз кишварҳо дар ибтидои вуруд ба Қазоқистон танҳо таб санҷӣ шуда ва пурсиши номаи мушаххасоти фардиро пур мекунанду гурӯҳи сеюм низ бидуни ҳеч маҳдудияте метавонанд ба ин кишвар сафар кунанд .
Ҳамакнун марзҳои ҳавоии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба далели густариши вируси корона бастаасту танҳо чанд парвози чартерӣ барои хориҷ кардани атбои ин ду кишвар анҷом шудааст .