Сентябр 22, 2020 12:57 Asia/Dushanbe
  • Ашрафғанӣ: Хости аслии мардуми Афғонистон сулҳ аст

Раиси ҷумҳурии Афғонистон ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Сулҳ дар Кобул гуфт: Хости аслии мардум сулҳ аст.

Ба гузориши хабаргузории ОВО, Ашрафғанӣ ҳадафи аслии баргузарии музокироти сулҳи миёни афғонҳо бо Толибон дар Қатарро поёни ҷангу куштори мардум донисту таъкид кард,ки тарафҳо бояд бар ин мавзӯъ тамаркуз дошта бошанд.

 Ин мақоми баландпояи Афғонистон гуфт;Барқарории сулҳу таъмини амният барои рушди иқтисодӣ ва маҳви фақру суботи сиёсии ин кишвар зарурӣ аст.

 Ашрафғанӣ афзуд:Давлати Афғонистон барои идғоми ҳаддиақал 60 то 120 ҳазор узви Толибон барнома дорад ва пас аз барқарории сулҳ лозим аст аъзои Толибон дар иқтисоди кишвар ҷазб шаванд ва сармояҳояшон низ аз хориҷ ба дохил интиқол дода шавад .

 Ин изҳороти раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҳолест ки музокироти сулҳ, ки аз рӯзи шанбеи гузашта оғоз шуда то кунун натиҷае надошта аст. Толибон эълом кард музокироти ниҳоӣ миёни афғонҳо ва Толибон дар Қатар ниёзманди замон аст ва барпоии низоми исломии воқеӣ ва хурӯҷи ишғолгарони амрикоӣ аз ҷумлаи хостаи Толибон аз давлати Афғонистон дар ба натиҷа расидани музокироти Давҳа аст.

Давлати Ашрафғанӣ таъкид карда,ки бо хостаҳои Толибон мухолиф аст.

 

Барчасп