Сентябр 26, 2020 15:29 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубталоён ба куруно дар Қирғизистон ва Узбакистон

Вазорати беҳдошти Қирғизистон эълом кард, бо шиносоии 175 мавриди мубталои ҷадид ба вируси куруно дар ин кишвар теъдоди мубталоён ба ин беморӣ ба 45 ҳазору 932 нафар расид.

Ба гузориши Форс, 13 нафар аз мубталоёни ҷадид ба куруно дар ин кишвар кадри дармон ҳастанд.

Токунӯн 102 ҳазору 323 нафар аз мубталоён ба ин беморӣ дар Қирғизистон беҳбӯд ёфта ва ҳазору 699 нафар низ ҷон бохтаанд.

Омори вазорати беҳдошти Узбакистон ҳам аз афзоиши мубталоён ба вируси куруно дар ин кишвар ба 54 ҳазору 181 нафар хабар дод.

Теъдоди беҳбудёфтагон дар ин кишвар ба 50 ҳазору 441 нафар расида ва 3 ҳазору 292 нафар бемор низ таҳти муолиҷа қарор гирифтаанд.