Ҳимояти Афғонистон аз ҷумҳурии Озарбойҷон
Афғонистон зимни ҳимоят аз ҷумҳурии Озарбойҷон дар масъалаи Қарабоғ , оташбас ва ҳаллу фасли масоили байни Боку ва Ереван аз роҳҳои мусолиматомезро хостор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар баёнияе эълом кард : Ҷумҳурии исломии Афғонистон нигаронии худро нисбат ба танишҳо ва тақобулоти шадиди байни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ иброз ва аз вуҷуди талафот ва хисороти моддӣ ва инсонии пешомада дар ин даргириҳо низ ибрози таассуф мекунад .
Ин баёния афзуда аст: Минтақаи Қарабоғ ба унвони бахше аз хоки ҷумҳурии Озарбойҷон шинохта шуда ва Афғонистон хостори итмоми ишғоли ин минтақа аст ва аз талошҳои миллату давлати Озарбойҷон ва дигар кишварҳо дар ин замина ҳимоят мекунад .
Даргириҳои марзӣ байни Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷон дар июли гузашта низ даҳҳо куштаву маҷрӯҳ барҷой гузошт ва ду кишвар якдигарро ба оғози ин даргириҳо муттаҳам карданд.
Ихтилофоти ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғ аз соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии низомӣ табдил шуд ва дар ин миён мудохилоти бархе кишварҳои хориҷӣ боиси афзоиши ин таниш шуда аст .