Абдуллоҳ : Музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад
(last modified Tue, 29 Sep 2020 08:04:09 GMT )
Сентябр 29, 2020 13:04 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳ : Музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш  меравад

Раиси Шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар дидор бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ-вазири умури хориҷаи Покистон гуфт: Музокироти сулҳи байни афғонҳо ба кундӣ пеш меравад .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Садои Афғон , Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки рӯзи душанбе ба Исломобод сафар карда аст , аз ҳимояти Покистон дар заминаи оташбас дар Афғонистон истиқбол кард ва гуфт : « Агар аз фурсати торихии пеши рӯ истифода нашавад , буҳрон дар ин кишвар шадид хоҳад шуд. »

Раиси шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо қадрдонӣ аз Покистон ба хотири ташвиқи Толибон ба ширкат дар гуфтугуҳои сулҳ афзуд : Таъмини сулҳи пойдору одилона дар Афғонистон ба сӯди ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҳамсоя аст .

 Дар ин нишаст Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ҳам гуфт : Сафари Абдуллоҳ равобити миёни ду кишвари Афғонистону Покистонро вориди марҳалаи тозае мекунад ва ниёз аст фасли наве дар равобити ду тараф гушуда шавад.

Вазири хориҷаи Покистон таъкид кард, ки кишвараш уҳдадор ба дахолат накардан дар умури Афғонистон аст ва аз талошҳои сулҳ пуштибонӣ мекунад , зеро Исломобод муътақид аст, ки мушкили Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва танҳо роҳ , гуфтугӯ аст.»

Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ гуфт : Набояд аз хоки Покистону Афғонистон алайҳи якдигар истифода шавад ва иродаи сиёсӣ ҳам дар ин замина вуҷуд дорад .