Сентябр 30, 2020 18:21 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди таваққуфи ҳаракати қаторҳо дар Туркманистон то як моҳи дигар

Роҳи оҳани Туркманистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона таълиқи тараддуди қаторҳоро то аввали ноябр тамдид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, таваққуфи ҳаракати қаторҳо дар Туркманистон ки аз 16 июл иҷро шуда буд то аввали ноябр ҳамчунон идома дорад.

Ҳамчунин давлати Ишқобод бо иҷрои маҳдудиятҳои муваққати дигаре ба муқобила бо густариши корона рафтааст .

Дар ин кишвар парвозҳои хориҷӣ, ҳаракати автобусҳои байни шаҳрӣ, фаъолияти масҷидҳо, марокизи пазироӣ ва бозорҳои тиҷорӣ низ то иттилоъи баъдӣ таътил шуда ё бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ аст .

Ин дар ҳоле аст, ки бино бар омори расмӣ, давлати Туркманистон муддаӣ аст то кунун ҳеч мавриде аз ибтило ба вируси корона дар ин кишвар мушоҳида нашуда ва Ишқобод ин иқдомотро барои ҷилавгирӣ аз интишори ин беморӣ  дар дастури кор қарор додааст.