Октябр 02, 2020 20:42 Asia/Dushanbe
  • Форсӣ забони миллии Афғонистон шуд

Давлати Афғонистон дар иқдоми дерҳангом, аммо муҳим форсиро забони миллӣ эълом кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аҳмад Ҷовиди Расулӣ-раиси идораи миллии омору иттилооти Афғонистон гуфт : Забони форсӣ ки то кунун ба ҳамроҳи чанд забони дигар дар феҳристи забонҳои хориҷии Афғонистон қарор дошт , ба далели эътирози шаҳрвандони форсизабон аз феҳристи забонҳои хориҷӣ ҳазф ва ба феҳристи забонҳои миллӣ ворид шуд .

 То кунун дар баргаи тавзеъи шиносномаҳои электроникии Афғонистон , забони форсӣ-тоҷикӣ ба унвони забони хориҷӣ ва забонҳои урдӯ , панҷобӣ , мултонӣ , арабӣ , синдӣ , муғулӣ , қазоқӣ ва бархе забонҳои дигар ба унвони забонҳои дохилӣ қарор дошт, ки ин мавзӯъ мӯҷиби эътирози бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар шуда буд.

Ин дар ҳолест ки бинобар оморҳо беш аз ниме аз мардуми Афғонистон ба забони форсӣ-тоҷикӣ суҳбат мекунанд ва ин забонро забони модарӣ худ медонанд.

 

Барчасп