Октябр 07, 2020 10:44 Asia/Dushanbe
  • Интихоби нахуствазири нави Қирғизистон

Парлумони Қирғизистон рӯзи сешанбе сиёсатмадори гурӯҳи мухолифонро ба унвони нахуствазири нави ин кишвар интихоб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Райтер, намояндагони парлумони Қирғизистон пас аз истеъфои Қуботбек Боронов, нахуствазири собиқи ин кишвар, Садир Ҷабборов, сиёсатмадори мухолифро раиси ҳукумати нав эълом карданд.

 Қуботбек Боронов, нахуствазири собиқи Қирғизистон дар миёнаи эътирозоти баъд аз интихоботи парлумонии ин кишвар истеъфо карда буд .

Нооромӣ аз замони эъломи натиҷаҳои интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе оғоз шуд.

 То кунун дар ин эътирозот як нафар кушта ва 590 тан захмӣ шудаанд.  

 Мухолифон дар Қирғизистон ҳамчунин чандин бинои давлатиро дар пойтахт ба тасарруфи худашон дароварда ва раиси ҷумҳӯрии собиқи ин кишварро аз зиндон озод кардаанд.