Вазъи изтирорӣ дар Бишкек эълом шуд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i58170-Вазъи_изтирорӣ_дар_Бишкек_эълом_шуд
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз соати ҳашти шаби 9 октябр то ҳашти субҳи рӯзи 21 октябр дар Бишкек вазъи изтирорӣ барқарор кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 09, 2020 17:44 Asia/Dushanbe
  • Вазъи изтирорӣ дар Бишкек эълом шуд

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз соати ҳашти шаби 9 октябр то ҳашти субҳи рӯзи 21 октябр дар Бишкек вазъи изтирорӣ барқарор кард.

Ба гузориши “Спутник”, Сооронбой Жээнбеков гуфт, ки ин иқдомро ба далели шароити феълии кишвар ва таҳдиди зиндагиву саломатии афрод ба далели шӯришҳову барқарории фаврии субот анҷом додааст.

Ҷээнбеков ҳамчунин дар фармоне муовини вазири дохилӣ Алмозбек Уразалиевро ба унвони фармондори пойтахт мансуб кардааст.

Бишкек ҳамчунин дар назар дорад қавонини манъи рафтуомад барқарор кунад, ки бар асоси он бархе шаҳрвандон мумкин аст аз хуруҷ аз хонаҳои худ манъ шаванду дар маконҳои шулуғ асноду мадорики афрод баррасӣ мешавад.