Заду хӯрди ҳомиёни ҷиноҳҳои рақиб дар Бишкек
(last modified Sat, 10 Oct 2020 05:34:07 GMT )
Октябр 10, 2020 10:34 Asia/Dushanbe
  • Заду хӯрди ҳомиёни ҷиноҳҳои рақиб дар Бишкек

Ҳомиёни ду қудрати сиёсии рақиб дар Қирғизистон дар пайи нооромиҳо ва эътироз ба натоиҷи интихоботи порлумонӣ дар Бишкек бо якдигар даргир шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, тазоҳуркунандагони вобаста ба ду ҷиноҳ, ки муддаии ба даст гирифтан қудрат ҳастанд, дар замоне, ки суфуфашон дар маркази шаҳри Бишкек бо ҳам мувоҷеҳ шуд, бо ҳам даргир шуданд ва бархе шишаҳои худравҳоро шикастанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дафтари раисиҷумҳури Қирғизистон низ дар баёнияе вазъи изтирорӣ эълом карда ва қарор аст, маҳдӯдиятҳои шадиди амниятӣ аз соати 8 шаби ҷумъа ба вақти маҳаллӣ то 8 субҳи 21 октябр иҷро шавад.

Дар пайи эътирозоти мардумӣ ба орои интихобот ва тасарруфи сохтумонҳои давлатӣ, Камиссиюни марказии Қирғизистон натоиҷи интихоботи порлумонии рӯзи якшанберо ботил эълом кард.

Токунӯн дар ин эътирозот як нафар кушта ва 590 тан низ захмӣ шудаанд ва Қирғизистон ба мушкиле барои ҳамсоягон ва шарикони худ дар созмонҳои иқтисодӣ ва низомӣ-сиёсӣ табдил шудааст.