Октябр 11, 2020 14:12 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон дубора боздошт шуд

Алмос‌бек Отамбоев, раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон, ки дар таҳаввулоти ахири ин кишвар ва дар пайи ҳуҷуми муътаризон ба зиндон озод шуда буд, дубора боздошт шуд.

Ба гузориши “Аки Пресс”, Раиса Отамбоева, ҳамсари раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон аз боздошти дубораи Алмосбек Отамбоев ва ҳамчунин аз боздошт ва раҳо шудани ду писараш иттилоъ додааст.

Алмосбек Отамбоев шаби 6 октябр ба дасти гурӯҳҳои муътариз аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ озод шуда буд.

Раиса Отамбоева дар айни ҳол эълом кард, ки писаронаш Саид ва Қодир Отамбоев, ки дар рўзҳои ахир боздошт шуда буданд, бо шарти хориҷ нашудан аз кишвар аз зиндон озод шудаанд. Аммо ҳангоми боздошт неруҳои вижа аз зӯр кор гирифтаанд.

Ҳамсари раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон аз шикаста шудани дандонҳои яке аз писаронаши ҳангоми боздошт хабар дод.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистони ҳам эълом кард, ки Алмосбек Отамбоев дар чорчӯби парвандаи ҷиноии созмондеҳии нобасомониҳои ҷамъӣ дар Бишкек боздошт шудааст.

Илова бар вай, бархе тарафдоронаш, аз ҷумла муҳофизони собиқи ӯ Дамир Мусаков ва Канат Согинбоев низ боздошт шудаанд.

 

Барчасп