Октябр 19, 2020 13:52 Asia/Dushanbe
  • Доктор Абдуллоҳ дар телевизиони Эрон гуфт мардуми Афғонистон хоҳони сулҳ ҳастанд
    Доктор Абдуллоҳ дар телевизиони Эрон гуфт мардуми Афғонистон хоҳони сулҳ ҳастанд

Раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфт: Мардуми Афғонистон аз ҷангу даргирӣ хаста шудаанд ва сулҳ мехоҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ- раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон якшанбешаб дар барномаи гуфтугӯи вижаи хабарии Шабакаи дувуми телевизиони Эрон бо ишора ба ҷангҳои дохилӣ дар кишвараш гуфт: Мардуми Афғонистон аз даргирӣ ва ҷанг хаста шудаанд ва бояд дар амал нишон диҳем, ки ба мавзӯи сулҳ шавқманд ҳастем.

Вай хотирнишон кард: Давлати Афғонистон омодагии лозим барои музокираро дорад, аммо Толибон ҳануз мувофиқат накарда ва Кобул умедвор аст пешрафти мавзӯи коҳиши хушунат барои мардуми Афғонистон маҳсус бошад, зеро эҷоди сулҳ, хостаи аслии мардуми ин кишвар аст.

 

 

Доктор Абдуллоҳ дар бахши дигаре аз суханонаш бо ишора ба муносиботи таърихии Афғонистон ва Эрон ба вижа дар 20 соли ахир гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бархе аз тарҳҳои умронии Афғонистон кумак карда ва сатҳи ҳамкориҳо дар бисёре аз заминаҳо аз ҷумла фарҳангӣ густариш ёфта ва ин ҳамкорӣ ҳамчунон идома дорад.

Абдуллоҳ бо ишора ба табодули тиҷории ҳудуди се миллиард долларӣ миёни Эрон ва Афғонистон гуфт: Байни бахшҳои хусусии ду кишвар муносиботу сармоягузориҳое эҷод шудааст ва фаъолияти ширкатҳои хусусии эронӣ дар дохили Афғонистон идома дорад.

​​Раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон зимни қадрдонӣ аз меҳмоннавозии давлату миллати Эрон гуфт: Даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Афғонистон дар Эрон таҳсил карданду ба кишвари худ бозгаштанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои сафари серӯза ва  дидору гуфтугӯ бо мақомҳои олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи роҳҳои густариши равобити ду ҷониба ва сулҳу суботи Афғонистон, рӯзи якшанбе вориди Теҳрон шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп