Роҳандозии нахустин маркази ҷарроҳии дил барои кудакон дар Кобул
(last modified 2020-10-21T05:14:14+00:00 )
Октябр 21, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  •  Нахустин маркази ҷарроҳии дил барои кудакон дар Кобул, пойтахти Афғонистон роҳандозӣ шуд.
    Нахустин маркази ҷарроҳии дил барои кудакон дар Кобул, пойтахти Афғонистон роҳандозӣ шуд.

Нахустин маркази ҷарроҳии дил барои кудакон дар Кобул, пойтахти Афғонистон роҳандозӣ шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ба нақл аз хабаргузории ОВО , доктор Аҳмад Ҷаводи Усмонӣ-сарпарасти вазорати тандрустии Афғонистон рӯзи сешанбе гуфт:Оғоз ба кори ин марказ гоми нек дар ҷиҳати пешрафти кишвар ва тавсеъаи хадамоти пизишкӣ дар бахши кудакон барои амали ҷарроҳии дил аст .

 Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 120 ҳазор кудак дар Афғонистон гирифтор ба бемории дил ҳастанд, ки аз ин шумор ҳар моҳ ҳудуди 100 нафар дар дохилу хориҷ аз ин кишвар таҳти амали ҷарроҳӣ қарор мегиранд.