Октябр 26, 2020 12:06 Asia/Dushanbe
  • Дар паи тирпаронии дубора дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон ду тараф якдигарро муттаҳам мекунанд
    Дар паи тирпаронии дубора дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон ду тараф якдигарро муттаҳам мекунанд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори баёнияе тарафи Қирғизистонро ба тирпаронӣ дар марзи муштараки ду кишвар муттаҳам кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар баёнияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъкид шудааст: Рӯзи 25 октябр, ки сокинони рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ба таъвизи лулаи қадимии об дар дохили ин русто машғул будаанд марзбонони қирғиз ба баҳонаи кор дар минтақа ҳануз аломатгузоринашудаи марз иқдом ба тирпаронӣ кардаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистони иқдоми тарафи Қирғизистонро як амали низоъбарангез арзёбӣ кардааст, ки хилофи тавофуқоти қаблӣ аст ва сабаби ташаннуҷофаринӣ дар марзи муштараки ду кишвар мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар ҳодисаи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба касе осеб нарасидааст ва акнун мақомоти интизомии ду кишвар саргарми баррасии ин моҷаро ҳастанд.

Тирпаронӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон

Музокироти марзӣ; ҳамчунон нотамом

Дар паи ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистон ва Қирғӣзистон аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофи назари мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд бар сари истифода аз манобеи об, чарогоҳҳо ва роҳҳои иртиботӣ аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин заминааст, ки гоҳе муҷиби даргирӣ ва  муноқиша миёни сокинони рустоҳои марзии ду кишвар мешавад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп