Таслияти Эмомалӣ Раҳмон ва Токаев ба Эрдуғон
Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба ҳамтои турки худ дар робита бо марги шаҳрвандон дар заминларзаи Измири Туркия изҳори тасаллият карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Токаев раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар паёмҳои ҷудогона ба Раиси Ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон марги шаҳрвандонро дар зилзилаи шадиди рӯзи ҷумъа дар ин кишвар таслият гуфтанд.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ овардааст: «хабари кушта шудан ва дидани мардум, ҳамчунин хисороти зиёд бар асари зилзилаи шадид дар минтақаҳои ғарбии Туркия боиси андӯҳи амиқи мо шудааст. Ҳамдардӣ ва таслияти самимии худро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта барои бастагони қурбониёни ин фоҷеъаи табиӣ сабри ҷамил барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам.
Токаев низ аз ҷониби худ ва мардуми Қазоқистон ба Эрдуғон ва хонаводаҳои қурбониён таслият гуфту аз худованди мутаъол барои онон талаби раҳмат ва барои осебдидагон бозгашти сариъ назди хонаводаҳояшонро орзӯ кард.
Токаев дар идома итминон дод, ки дар сурати лузуми давлат ва мардуми ин кишвар омодаи ироаи ҳар навъи кӯмак ба мардуми кишвари бародари Туркия аст.
Рӯзи ҷумъа зилзилаи 6,6 дараҷаӣ вилояти Измири Туркияро такон дод, ки ҳадди ақалл 25 нафарро кушт ва 1000 тани дигарро маҷрӯҳ кард.
Бештар бихонед: