Таслияти Эмомалӣ Раҳмон ва Токаев ба Эрдуғон
(last modified Sat, 31 Oct 2020 15:38:01 GMT )
Октябр 31, 2020 20:38 Asia/Dushanbe
  • Дар зилзилаи шадиди Измири Туркия 25 нафар кушта ва 1000 нафар захмӣ шуданд
    Дар зилзилаи шадиди Измири Туркия 25 нафар кушта ва 1000 нафар захмӣ шуданд

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба ҳамтои турки худ дар робита бо марги шаҳрвандон дар заминларзаи Измири Туркия изҳори тасаллият карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Токаев раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар паёмҳои ҷудогона ба Раиси Ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон  марги шаҳрвандонро дар зилзилаи шадиди рӯзи ҷумъа дар ин кишвар таслият гуфтанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ овардааст: «хабари кушта шудан ва дидани мардум, ҳамчунин хисороти зиёд бар асари зилзилаи шадид дар минтақаҳои ғарбии Туркия боиси андӯҳи амиқи мо шудааст. Ҳамдардӣ ва таслияти самимии худро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта барои бастагони қурбониёни ин фоҷеъаи табиӣ сабри ҷамил барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам.

 


Токаев низ аз ҷониби худ ва мардуми Қазоқистон ба Эрдуғон ва хонаводаҳои қурбониён таслият гуфту аз худованди мутаъол барои онон талаби раҳмат ва барои осебдидагон бозгашти сариъ назди хонаводаҳояшонро орзӯ кард.

Токаев дар идома итминон дод, ки дар сурати лузуми давлат ва мардуми ин кишвар омодаи ироаи ҳар навъи кӯмак ба мардуми кишвари бародари Туркия аст.

Рӯзи ҷумъа зилзилаи 6,6 дараҷаӣ вилояти Измири Туркияро такон дод, ки ҳадди ақалл 25 нафарро кушт ва 1000 тани дигарро маҷрӯҳ кард.


 Бештар бихонед: