Ноябр 04, 2020 15:35 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳамлаи террористӣ дар Донишгоҳи Кобул 22 нафар шаҳид шуданд
    Дар ҳамлаи террористӣ дар Донишгоҳи Кобул 22 нафар шаҳид шуданд

Паёмаки падари нигарони яке аз шаҳидони ҳамлаи террористии хунбор дар Донишгоҳи Кобули Афғонистон ба фарзандаш дар шабакаи иҷтимоии Твиттер ба сурати ҳештег даромад ва бисёр бознашр шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пас аз ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул яке аз донишҷӯёни ин донишгоҳ дар ҳисоби Твиттери худ навишт, ки телефони ҳамроҳи яке аз донишҷӯёни шаҳидро пайдо карда, ки дар он ӯ 142 тамоси бепосух ва як паёмак аз падараш доштааст, ки пурсида буд: Ҷони падар куҷостӣ?

Ин ҷумла ба суръат дар шабакаи иҷтимоии Твиттер ба сурати ҳештеги #ҷони_падар_куҷостӣ? мунташир шуд ва корбарони форсизабон барои ибрози нафрат аз иқдоми террористӣ дар Донишгоҳи Кобул ва изҳори ҳамдардӣ бо хонаводаи қурбониён, аз он истифода карданд.

Шохаи Хуросон гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори иттилоъия ва як тасвир аз ду фарде, ки ба иддаои ин гурӯҳ, муҳоҷимон ба Донишгоҳи Кобул будаанд масъуляти ин ҳамларо ба уҳда гирифт.

Ба дунболи ин иқдоми террористӣ рӯзи сешанбе дар Афғонистон рӯзи мотами миллӣ эълом шуд ва Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар эълом кард террористҳо посухи чанд баробар хоҳанд гирифт.

 Бештар бихонед:

 

Барчасп