Январ 08, 2023 13:12 Asia/Dushanbe
  • Мавзуъи таҳсили занон меҳвари гуфтугуи намояндаи Созмони Милал бо вазири омузиши олии давлати Толибон
    Мавзуъи таҳсили занон меҳвари гуфтугуи намояндаи Созмони Милал бо вазири омузиши олии давлати Толибон

Намояндаи аршади Созмони Милали Муттаҳид асри шанбе бо вазири омузиши олии давлати Толибон барои баҳс дар мавриди мамнуъияти таҳмилшуда бар таҳисли занон дар донишгоҳҳо гуфтугу кард.

20 декабри мақомоти давлати Толибон ба донишгоҳҳои хусуси ва давлати дастур доданд то вуруди дониҷуёни духтарро то иттилоъи баъди фавран мутавақиф кунанд.

Ин иқдом бо вокунишҳои ҷаҳони ҳамроҳ шуд ва бисёри аз кишварҳо ин тасмими Толибонро маҳкум карданд.

Пас аз мамнуъияти таҳсили занон, кормандони зан низ аз кор дар муассисаҳои дохили ва хориҷии дар Афғонистон манъ шуданд, ки ин амр мунҷар ба маҳкумияти бештари ҷаҳонӣ ва таълиқи кори расмии  созмонҳои мухталифи кумакрасонӣ дар Афғонистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон намояндаи аршади Созмони Милал ба унвони аввали мақоми як созмони байналмилалӣ пас аз эъмоли мамнуъияти таҳсили занони афғонистонӣ бо вазири омузиши олии давлати Толибон музокира кард.

Намояндаи Созмони Милал дар ин дидор аз вазири омузиши олии давлати Толибон хоста аст фавран ин мамнуъиятҳоро лағв кунад.

Вай таъкид кард, ки Афғонистон бо ин раванд вориди давраи ҷадиди аз буҳрон хоҳад шуд.

Намояндаи Созмони Милал ҳамчунин бо Қоридин Ҳаниф, вазири иқтисоди давлати Толибон, ки дастури мамнуъияти кори занон дар созмонҳои ғайридавлатиро содир карда буд ба ҳамроҳи Сироҷиддин Ҳақонӣ, вазири кившар, Абдусалом Ҳанафӣ, муъховини нахуствазир ва Ҳомид Карзаӣ, раиси ҷумҳурии қабли ройзани ва гуфтугу кард.

 

Барчасп