Май 15, 2024 19:16 Asia/Dushanbe
  • Ситоиши бастакори эронӣ аз шашмақомсароҳои тоҷик

Бастакори эронӣ гуфт: Шашмақомсароҳои тоҷик садои бисёр дилнишин ва оромбахш доранд ва дар иҷрои савту созҳои ин сабк саромад ҳастанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар,Комрони Ҳимматпур, бастакори гурӯҳи мусиқии “Ҳанони”и Эрон, ки барои ширкат дар ҷашнвораи байналмилалии симпозиуми “Шашмақом”, ки бо ҳузури ҳунармандон ва ҳунарпешагони кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Эрон аз 12 то 14 май дар Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат кард, гуфт : Шоҳид будам, ки шашмақомсароёни тоҷик садои бисёр дилнишин ва оромбахш доранд ва бар иҷрои савту созҳои ин сабк тасаллут дошта, гоҳе барои иҷрои як қитъа кӯчаки дохилӣ, як ҳунарманд ба муддат сӣ дақиқа бидуни вақфа мехонд.

 Ин бастакори эронӣ тасреҳ кард: Шашмақом фақат навозндагӣ ва овози содда нест, аз як парда – танбур ва усул – доира ташкил шудааст. Ҳамон тавре, ки фаҳмидем Шашмақом дар Тоҷикистон аз шаш мақом шомили “бузург”, “рост”, “наво”, “дугоҳ”, “сегоҳ” ва “Ироқ” буда ва дар саҳнаҳои гурӯҳҳои танбур эҷод шудааст. Овозхонони тоҷик ба тарзи моҳиронае онро иҷро мекунанд ва ба назари ман ҳунармандони тоҷик, ки аз парда ва равиши ин жанр огоҳ ҳастанд, афроди хушшонсе маҳсуб мешаванд.

 

Барчасп