Баррасии раванди ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва ҷумҳурии Корея
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i114400-Баррасии_раванди_ҳамкориҳои_дуҷониба_байни_Тоҷикистон_ва_ҷумҳурии_Корея
Раванди ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва ҷумҳурии Корея баррасӣ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 16, 2024 18:35 Asia/Dushanbe
  • Баррасии раванди ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва ҷумҳурии Корея

Раванди ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва ҷумҳурии Корея баррасӣ шуд.

Дидори Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо Кван Донг Сок, сафири ҷумҳурии Корея дар ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳи вай баргузор гардид

 Дар ин дидор раванди ҳамкориҳои дуҷониба Тоҷикистон ва ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Дар ин дидор ҳамчунин мавзӯъоти муҳими ҳамкорӣ, тавсеаи равобити байналмилал дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, саноеъ ва кишоварзӣ, омӯзиш, мушорикати соҳибкорони кореягӣ дар иқтисоди вилоят, тақвияти равобити дӯстона байни вилоятҳои ду кишвар, гардишгарӣ, эҷоди сармоягузории муштарак ва мавзӯъоти дигар мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

 Иттилоъ дода шуд, ки маркази мутолиоти забони коеяӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ифтитоҳ мешавад. Ин марказ барои омодасозии мутахассисон ва кори бештари онҳо дар ширкатҳои саноъатии ҷумҳурии Корея кумак мекунад.