Ноябр 11, 2020 15:36 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Абдулъазиз Комилов дар Тошканд дидор карданд
    Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Абдулъазиз Комилов дар Тошканд дидор карданд

Вазири умури хориҷаи Узбакистон ва раиси Шурои олии мусолиҳи миллии Афғонистон хостори густариши равобити ду кишвар шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Тошканд бо Абдулъазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон дидор кард.

Ду тараф дар ин дидор бар зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии дуҷониба аз тариқи иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ ва зербиноӣ дар заминаҳои ҳамлу нақлӣ, лаҷестикӣ, энержӣ, бозаргонӣ ва омӯзишӣ таъкид карданд.

Барқарории сулҳи пойдор дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақаӣ аз дигар мавзӯъҳои мавриди баҳс дар дидори Комилов ва Абдуллоҳ буд.

Вазири умури хориҷаи Узбакистон ва раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар ин дидор ҳамчунин бар аҳамият ҷазби Кобул ба прусаҳои ҳамгароӣ дар Осиёи Марказӣ барои дастёбӣ ба сулҳ ва субот дар ин кишвар таъкид кард.

Афғонистон истиқлоли Узбакистонро дар 22 декабри 1991 ба расмият шинохт ва дар 13 октябри 1992 байни ду кишвар равобити депломатик барқарор шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп