Таъкид бар тавсеаи равобити Узбакистону Қирғизистон
(last modified Sun, 15 Nov 2020 10:45:31 GMT )
Ноябр 15, 2020 15:45 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар тавсеаи равобити Узбакистону Қирғизистон
    Таъкид бар тавсеаи равобити Узбакистону Қирғизистон

Раисиҷумҳури Узбакистон ва нахуствазири Қирғизистон дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни ду кишвар ройзанӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин гуфтугӯи телефонӣ рӯзи якшанбе, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳқри Узбакистон ва Содир Ҷапарав, сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Қирғизистон, бар пешбурди тарҳҳо ва барномаҳои муштарак ва иҷрои онҳо дар заминаҳои бозаргонӣ, таовуни санъатӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақул, табодулоти байни минтақаӣ ва фарҳангиву дигар абъоди авлавиятдор таъкид карданд.

Тарафайн ҳамчунин тадовуми ҳамоҳангӣ ва ироаи кумак барои муқобила бо паёмадҳои шуюи ҳамагири вируси корона дар ду кишварро муҳим хонданд.

Қирғизистон истиқлоли Узбакистонро дар таърихи 29 сентябри соли 1992 ба расмият шинохта ва дар 16 феврали соли 1993 байни ин ду кишвар равобити дипломатӣ барқарор шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: