Ноябр 26, 2020 16:39 Asia/Dushanbe
  • Порлумони Афғонистон
    Порлумони Афғонистон

Порлумони Афғонистон дар вокунише тунд ба изҳороти ахири Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисиҷумҳури ин кишвар зимни муттаҳам кардани вай ба ҷосӯсӣ, истеъфои Солеҳро хостор шуд.

Амруллоҳ Солеҳ ахиран дар суханронии худ дар конфронси Женева дар бораи кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон, аъзои порлумони ин кишварро ба фасод муттаҳам карду гуфт, масӯнияти аъзои ин ниҳод дар баробари пайгарди қонунӣ бояд бардошта шавад.

Аъзои порлумони Афғонистон дар вокуниш ба ин изҳороти Солеҳ таъкид карданд, муовини Ғанӣ бояд изҳороташро бо ироаи асноду шавоҳид собит, асомии намояндагони олӯда ба фасодро мушаххас ва аз порлумон низ узрхоҳӣ кунад.

Раиси порлумони Афғонистон низ дар ин нишаст дар вокуниш ба мавзеъгирии ҷанҷолбарангези Солеҳ, вайро ба ҷосӯсӣ муттаҳам ва хостори канорагирии муовини аввали раисиҷумҳури ин кишвар шуд.

Вокуниши тунди раис ва аъзои порлумони Афғонистон ба изҳороти ҷанҷолии Солеҳ, нишонае аз таъмиқи таниш дар равобити давлату порлумони ин кишвар аст, ки метавонад таҳдиде барои манофеъ ва амнияти миллии Афғонистон дар шароити хатир ва ҳассоси кунӯнӣ бошад.

муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон дар шароите аъзои порлумони ин кишварро дар конфронси байналмилалии Женева ба фасод муттаҳам кард, ки ин нишаст барои таъини нақшаи роҳи ояндаи кумакҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон барномарезӣ шуда буд ва тарҳи иттиҳоми фасод алайҳи аъзои порлумони ин кишвар дар ин конфронс, ки кашондани ихтилофоти дохилӣ ба муҳити хориҷӣ маҳсӯб мешавад, дар тазод барои таъмини ҳаддиаксарии манофеи миллӣ башумор меравад.

Интизори мардуми Афғонистон аз давлат ва порлумони ин кишвар

Интизори мардуми Афғонистон аз давлату порлумони ин кишвар аз масъулони қувои муҷрия ва муқаннана ин аст, ки набояд ихтилофот ва танишҳои дохилиро дар конфронси байналмилалӣ матраҳ кунанд, зеро тарҳи чунин мабоҳисе дар ин нишастҳо танҳо мӯҷиби беҳурматии ҳокимияти миллӣ ва тазъифи ҷойгоҳи Афғонистон дар байни афкори умумӣ мешавад.

Иттиҳоми ҷосӯсӣ ба муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон тавассути раиси порлумон дар нахустин нишасти ин ниҳод пас аз баргузории конфронси Женева, вокунише тунд ба изҳороти Солеҳ аст, ки ба идомадор шудани ин танишҳо дар фазои сиёсӣ -иҷтимоӣ мунҷар мешавад.

Бавижа онки порлумони Афғонистон хостори истеъфои Солеҳ аз симмати муовини аввали раисиҷумҳури ин кишвар шудааст ва мумкин аст, порлумон барои дифо аз ҳайсияти худ дар баробари иттиҳоми фасод ҳамчунон бар канор рафтани Солеҳ аз қудрат исрор кунад.

Мутаваққиф кардани раванди баррасии салоҳиятҳои вазирони пешниҳодии раисиҷумҳури Афғонистон аз сӯи порлумони Афғонистон, ки ба таъхир дар ташкили кобинаи ин кишвар ва заъф дар хизматрасонӣ ба мардум мунҷар мешавад, аз паёмадҳои таниши қувои муҷрия ва муқаннана аст, ки пешбинӣ мешавад дар рӯзҳои оянда мушоҷираи сиёсӣ байни анон низ тадовум пайдо кунад.

Танишҳои камсобиқаи ҷадид дар сатҳи мақомоти аршади давлат ва порлумони Афғонистон дар шароите, ки ин кишвар дар раванди музокироти байналафғонии сулҳ бо Толибон дар Қатар ба инсиҷому ваҳдати миллӣ ниёз дорад метавонад, асароти манфӣ бар ин гуфтугӯҳо дошта бошад ва муқеъияти тими музокиракунандаи давлати Афғонистонро ба заъф бикашонад.

Ин таҳдид ба сӯрати ҷиддӣ вуҷӯд дорад, ки идомаи кашмакашҳои сиёсӣ байни давлату порлумони Афғонистон ва шикофи байни онон, метавонад бар рӯйкарди Толибон дар имтиёзталабӣ дар фароянди музокироти сулҳ дар Қатар таъсири мусбат дошта бошад ва гушоиш дар гуфтугӯҳои ба бунбаст расидаро барои муддати номаълум ба таъхир биандозад.

 

Барчасп